Мулоқоти директори КВД КВД «Шаҳри ҳушманд» бо роҳбари намояндагии UNICEF дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Маркази татбиқи лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд» мулоқоти директори корхона Саъдӣ Самадзод бо роҳбари намояндагии UNICEF дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артур Ван Дизен баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот муаррифии лоиҳаи «eDonish» дар соҳаи рақамикунонии маориф гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки Барнома барои идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр таъсис дода шудааст. Барнома маҷаллаи электронӣ ва рӯзнома, маводи таълимӣ, маълумот дар бораи фаъолияти хонандагон ва рӯйдодҳои дарпешистодаи мактаб ва инчунин рейтинги муаллимон ва хонандагонро дар бар мегирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *