Имрӯз 13.04.2024 таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим (раиси Комиссияи озмун) дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмуни мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлвтии шаҳри Душанбе, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамони озмун ва ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки озмун дар ду давр, яъне амалӣ ва назариявӣ баргузор мегардад. Дар ниммаи аввали рӯз даври амалии озмун аз рӯи шартҳои:
— «Эссе» (бо се забон);
— “Имло” (имлои дурусти калима дар матн);
— “Тарҷума” (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ).
Баргузор гардида дар ниммаи дуюми рӯзи озмун тибқи тартиби баргузорӣ шартҳои:
— “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон);
— “Қироати шеър” (бо се забон);
Баргузор мегардад.
Тибқи талаботи низомномаи озмуни мазкур, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 08.04.2024 таҳти рақами 187 тасдиқ гардидааст, ба даври шаҳрии озмун 12 нафари аз ҳар як ноҳия пешниҳод мегардад, ки дар маҷмуъ шумораи уммии иштирокчиён 48 нафарро ташкил медиҳанд, ки 24 нафарашон синфҳои 5-8 ва 24 нафари дигар синфҳои 9-11 мебошад.