ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ ЯК ТАВАССУТИ НИЗОМИ ЭЛЕКТРОНӢ

2 августи соли равон бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори шуъба семинари омӯзишӣ оид ба қабули синфҳои як тавассути барномаи электронии “eDonish” баргузор гардид. Дар он мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҳусния Кӯчарзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Зафар Муродзода, директори генералии ҶДММ “eDonish” Лутфия Умарова, директори тиҷории ҶДММ “eDonish” Бобоҷон Тураев ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок карданд.

Дар семинари мазкур бахши нави барномаи электронии “eDonish” — қабул ба синфи 1 мавриди омӯзиш қарор гирифта, тарзи кор бо бахши мазкур ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Таъкид карда шуд, ки бо роҳнамоӣ ва дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт тавассути барномаи электронии “eDonish” амалӣ карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *