БОРИ НАХУСТ: ИШТИРОКИ ТАРБИЯГИРАНДАИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУДДОШТАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПИИ МАХСУСИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР ШАҲРИ ТУРИНИ ДАВЛАТИ ИТАЛИЯ

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ директори Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии “Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе Қаландаров Искандар ва тарбиягирандаи муассисаи мазкур Ятимов Равшан дар ҳайати дастаи мунтахаби Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, ки дар маҷмуъ 12 нафар: 6 мураббӣ ва 6 варзишгар шомил аст, аз 8 то 16 марти соли 2025 ба шаҳри Турини давлати Италия барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи Олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ сафарбар гардиданд.

Дар Бозиҳои зимистонаи Олимпии махсус зиёда аз 1500 варзишгари имконияти маҳдуддошта аз 102 давлати дунё байни худ дар 8 намуди варзиши зимистона сабқат менамояд.

Ба иштирокчиён барору муваффақият хоҳонем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *