
4 феврали соли равон дар МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» вохӯрии намондаи Прокуратураи шаҳри Душанбе бо намояндагони соҳаи маорифи пойтахт баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Прокуратураи шаҳри Душанбе майори адлия Акобирзода А., муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Ф., директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Муродзода З., сардори раёсати кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Самиев Ҷ., сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Сатторзода Д., ҳайати кормандони Сарраёсати маориф, муассисаҳои зертобеъ ва намояндагони маорифи пойтахт иштирок намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ Акобирзода А. нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, таваҷҷуҳу ғамхориҳои инсондӯстона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба соҳаи маориф, ба хусус баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа намунаи равшани таваҷҷуҳ ба неруи инсонӣ ва маорифи миллӣ арзёбӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми барномавию сиёсӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ ва вазифаҳои стратегиро барои марҳилаи минбаъдаи пешрафти кишвар муайян намуд. Дар Паём бо такя ба таҳлили вазъи кунунӣ ва тамоюлҳои ҷаҳонӣ, афзалиятҳои миллӣ дақиқ гардида, масъулияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеа барои иҷрои ҳадафҳо таъкид мешавад.
Номбурда иброз намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва омили асосии рушди устувори кишвар мавқеи махсус дорад. Пешвои миллат маорифро пояи асосии пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли наврас вобастагии мустақим дорад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар Паём ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Ҳамчунин, зарурати омӯзиши илмҳои дақиқ, фанҳои табиатшиносӣ, технологияҳои рақамӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳамчун омили рақобатпазирии ҷавонон дар бозори ҷаҳонии меҳнат таъкид шудааст. Пешвои миллат инчунин ба нақши омӯзгор дар тарбияи насли солим ва ватандӯст ишора намуда, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгоронро вазифаи муҳим мешуморанд.
Дар идома муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Ф. баромад намуда, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни омӯзгорон ва хонандагон ҷиҳати ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ дар раванди давлатдорӣ ибрози назар кард. Зимни суханронӣ масъалаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми омӯзгор», баргузор намудани дарсҳои алоҳидаи тарбиявӣ дар синфҳои 7–11, ҷалби фаъолонаи волидайн ба раванди таълими фарзандон тавассути ташкили ҳарҳафтаинаи маҷлисҳои падару модарон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, таъмини кумаки психологӣ ба хонандагони саркаш ва душвортарбия, гузаронидани пурсишҳо ҷиҳати муайян намудани муносибати хонандагон ба таълим, ташкили суҳбатҳои инфиродӣ аз ҷониби равоншиносон, ҷалби бештари чунин хонандагон ба чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ, назорати иштироки волидайн дар маҷлисҳои умумимактабӣ таъкид гардид.
Илова бар ин, баргузор намудани чорабиниҳои таълимию маърифатӣ байни хонандагон бо мақсади баланд бардоштани худшиносии миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ба роҳ мондани машқҳои пагоҳирӯзӣ, таҳкими саломатӣ ва пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, тамоку, маводи нашъаовар, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, инчунин пешгирии бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона аз ҷониби баромадкунанда ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.












