
Имрӯз, 4-уми феврали соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» даври интихобии Олимпиадаи байналмилалии «IOI» (International Olympiad in Informatics) баргузор гардид.
Олимпиадаи байналмилалии «IOI» яке аз бонуфузтарин олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи информатика ба ҳисоб рафта, ҳамасола бо иштироки зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон доир мегардад. Ҳадафи асосии он дарёфт, дастгирӣ ва омодасозии хонандагони болаёқат дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ мебошад.
Дар даври интихобии Олимпиадаи мазкур 73 нафар хонандаи болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозӣ мавриди санҷиш қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «IOI–2026» аз 9 то 16 июли соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба рушди тафаккури мантиқӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ ва омодасозии хонандагон барои рақобат дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.












