
Дар тӯли таърихи пурғановату куҳанбунёди тоҷикон фарзонафарзандони миллат тавонистанд чандин маротиба давлатдориро ташкил дода, рушду тараққиёти онро таъмин созанд ва ба ҳар василае таъриху тамаддуни ориёиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд, ки ин анъана то имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфта истодааст.
Тоҷикон аз қадим дорои фарҳанги бою рангин буда, мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ, расму оин, ҷашну маросим, ҳунару ҳунармандӣ, адабиёти ғанӣ ва амсоли инҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Арзишҳои миллии мо асрҳост, ки диққати муаррихону сайёҳон ва кишваршиносону олимони варзидаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст.
Боиси ифтихор аст, ки бо бадаст овардани беҳтарин неъмати таърихӣ, яъне Истиқлоли давлатӣ ҳифзу омӯзиш ва муаррифии шоистаи арзишҳои фарҳангии миллӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вижа таҳти ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Шоистаи зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ҳифзу муаррифии арзишҳои фарҳангиро яке аз омилҳои асосии расидан ба худшиносии миллӣ баҳо дода, ҳанӯз 4 апрели соли 2003 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намуда буданд: “… ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад”.
Худшиносии миллӣ яке аз рукнҳои муҳими бунёди ҷомеаи мутамаддин ба шумор меравад. Он на танҳо ифодагари эҳсоси тааллуқ ба миллат ва давлат аст, балки нерӯи пешбарандаи рушди фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар низ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои фарҳангӣ ва арзишӣ бо суръати баланд тағйир меёбанд, ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Миллате, ки худро мешиносад, метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ бо мавқеи мустақил баромад кунад ва арзишҳои миллии худро пос медорад. Мафҳуми худшиносии миллӣ аз маҷмӯи унсурҳое иборат аст, ки шахс ва ҷомеаро ба як ҳақиқати воҳид мепайвандад. Ин унсурҳо таърих, забон, фарҳанг, адабиёт, анъанаву оинҳо, қаҳрамонҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашариро дар бар мегиранд. Ҳар қадар ин унсурҳо дар шуури ҷомеа амиқтар ҷой гиранд, ҳамон қадар ҳисси ифтихор аз миллат ва бардоштҳои миллӣ пойдор мегарданд.
Дар шароити авҷгирии танишҳои сиёсӣ ва густариш ёфтани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ шомилшавӣ ва гаравидани наврасону ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Механизми асосии муқовимат ба чунин зуҳуроти номатлуб, идеология ва мафкураи миллӣ мебошад. Вобаста ба дарки ин зарурат, идеологияи миллӣ омили муҳимтарини муттаҳидсозии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон ба шумор меравад. Ин нишон медиҳад, ки муҳимтарин масъалаи давлатдории миллӣ рушди идеологияи миллӣ бошад.
Имрӯз, дар пасманзари ҷаҳонишавӣ, ки забонҳои гуногун аз ҳам омехта мешаванд, ҳифзи забони модарӣ зарурати рӯз аст. Оила, мактаб, воситаҳои ахбори умум ва муассисаҳои фарҳангӣ масъулияти баланд доранд, то забони тоҷикӣ ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ба наслҳои оянда бо пуррагӣ интиқол дода шавад. Дар шароити имрӯза худшиносии миллӣ на танҳо масъалаи фарҳангӣ, балки унсури калидии бунёдкорӣ, якпорчагӣ ва рушди устувори давлат мебошад. Суннатҳои деринаи тоҷикон — идҳои миллӣ, оинҳо, ҳунарҳои мардумӣ, меъморӣ ва адабиёти классикӣ — ҳифзу гиромидошти ҳамаи ин гуфтаҳо дар якҷоягӣ ҳувияти миллӣ мебошанд. Арзишҳои фарҳангӣ инсонро ба решаҳои таърихии худ мепайванданд, ки ин ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан мусоидат мекунад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи худшиносии миллӣ ҳамчун заминаи устувори давлатдории миллӣ ишора гардида, таъкид мешавад, ки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бидуни такя ба ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавӣ наметавонад самаранок ва пойдор бошад. Ин андеша бо нуқтаҳои муҳими матни пешниҳодшуда ҳамоҳанг аст, ки дар он худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамчун пояи бақои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, забон, расму ойин ва анъанаҳои таърихӣ баррасӣ мешаванд.
Бо ҳадафи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташаббуси таърихию фарҳангиро роҳандозӣ намудаанд. Тазаккур бояд дод, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати давлатдории миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат буда, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ба ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ миллат равона гардидааст.
Дар робита ба ин, чанде пеш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд. Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд. Ин иқдом, яъне бунёди мақбараҳои рамзӣ ва овардани хоки мазори чеҳраҳои сарсупурдаи миллат ба пойтахти азизамон шаҳри Душанбе нишони арҷгузорӣ ва эҳтироми хосса ба шахсиятҳое мебошад, ки дар тӯли таърих барои озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва рушди фарҳангӣ миллӣ хизматҳои беназир анҷом додаанд. Маҷмааи мазкур на танҳо як иншооти меъморӣ, балки як фазои рамзӣ ва маънавӣ хоҳад буд, ки дар он гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд. Ин макон ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил ёфта, ҷои андеша, ибрат, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мегардад.
Ин иқдоми муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти эҳёи хотираи таърихӣ қадами муҳим ва саривақтӣ дар роҳи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳар яки мо аз чунин иқдомҳо бояд бо дарки масъулияти бузург, ифтихор аз ватану ватандорӣ фарзандони фарзонаи кишвар истиқболи самимӣ намоем. Ҳукумат барои мо шароит фароҳам овардааст, то барои ояндаи худ кӯшиш кунем, ҳисси ватандӯстию ҷаҳонбинии худро ташаккул диҳем, соҳиби донишу илму маърифат гардида, дар ҳифзи арзишҳои миллии худ саҳмгузор бошем. Мо бояд қадри ин даврони сулҳу субот ва оромиро дониста дар паи омӯзиши пай дар пайи таърихи гузаштаи худ шавем то ояндаи худ ва ояндагонамонро ободтару зеботар кунем.
Ин ташаббус паёми равшан ба ҷомеа ва махсусан ба насли ҷавон буда дари умедро ба фардои дурахшони кишвар бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат ва ташабусҳои пайравони асили мактаби давлатдории ӯ мекушояд: миллати тоҷик бо таърихи худ ифтихор дорад, решаҳои худро мешиносад ва бар пояи худшиносии миллӣ роҳи ояндаи дурахшонро интихоб мекунад. Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудааст, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон муҳимтарин воситаи ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳуввияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад. Маҳз ватандӯстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги ҳифзи ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад. Аз ин рӯ, дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат мебошад. Нақши ҷавонон дар таҳкими худшиносии миллӣ беандоза буда, ҷавонон қувваи асосии ҷомеа мебошанд.
Онҳо наслест, ки дар давраи пешрафти технология ва таъсири васеи ВАО қарор доранд. Барои онҳо худшиносии миллӣ бояд ҳамчун яке аз арзишҳои ҳамешагӣ ташаккул дода шавад. Модарон, омӯзгорон ва зиёиён вазифадоранд, ки дар қалби ҷавонон эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг ва қаҳрамонҳои миллиро бедор созанд. Худшиносии миллӣ сутуни асосии давлатдорӣ ва пешрафти ҳар миллат аст. Миллате, ки ба арзишҳои худ арҷ мегузорад, дорои нерӯи созанда буда, дар ҷаҳони муосир мавқеи худро пайдо мекунад. Пойдории миллат аз худшиносии амиқ ва огаҳ будан аз таъриху фарҳангӣ гузаштаи худ барои ҳар фарди ҷомеа вобаста аст.
Таърихи начандон тӯлонӣ шоҳид аст, ки аз соли 2017 инҷониб дар пойтахт давраи нави рушд оғоз гардида, роҳбарияти пойтахт таҳти сарварии шаҳрдори комёбу муваффақ Рустами Эмомалӣ дар баробари рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноатикунонии босуръат, мутобиқсозии инфросохтори нақлиётӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ, сохтмону азнавсозии боғҳои фарҳангӣ–фароғатӣ ба монандӣ, “Боғи устод Рӯдакӣ”, “Куруши Кабир”, “Аҳмади Дониш”, “Алишер Навоӣ”, “Парчами давлатӣ”, “Нишони давлатӣ”, “Ҷавонон”, “Наврўзгоҳ”, “Восеъ” ва дигар хиёбонҳо баъди таъмиру таҷдид ва азнавсозии куллӣ мавриди истифодаи шаҳриён қарор дода шуданд. Ҳамчунин, бо масъалаҳои зеҳниву маърифатӣ ва ақлонии ҷомеа, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ диққати махсус зоҳир намуданд.
Эътимоди қавӣ дорем, ки бо шарофати ғамхориҳои пайвастаи шаҳрдори пойтахтамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанбеи нозанин ва шаҳри маҳбуби қалбҳову ҷавониҳо, шаҳри орзую омолҳои гузаштагони мову шумо боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилрабо хоҳад гардид.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди диёри азизамон ӯҳдадор аст, ки ваҳдати миллие, ки бар ивази ҷоннисориҳо ба даст омадааст, дар навбати худ аз пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир ҳифз намояд, зеро дар сурати доштани сулҳу субот ва пойдории амният рушду тараққиёти пойтахти азизамон таъмин гашта ба як шаҳри пешрафтаву густардаи дунё ва орзуи чандинҳазорсолаи миллати азизамон табдил меёбад.
Шафқат Одиназода,
директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе












