
Санаи 04 феврали соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо омӯзгорони ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, инчунин расонидани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таъминоти кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Самиев Ҷумахон, роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ — Ҷамшед Маҷидзода, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи маориф Ҷамшед Маҷидзода вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди сармояи инсонӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, рақамикунонии соҳа ва тақвияти дастгирии иҷтимоии омӯзгорон ҷалб намуданд.
Ҳамзамон, намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — Самиев Ҷумахон, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба омӯзгорон расонида шуда, таъкид гардид, ки қонуни мазкур ба таҳкими мақоми иҷтимоии омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои касбӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон равона гардидааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ зикр гардид, ки татбиқи пайгирона ва босамари муқаррароти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба рушди устувори соҳаи маориф, боло рафтани нуфузи омӯзгор ва баланд гардидани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.












