Шиносоӣ бо фаъолияти IT park-и шаҳри Тошканд ва иштирок дар Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ дар доираи барномаи “Шаҳри ҳушманд”

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ дар доираи барномаи “Шаҳри ҳушманд” санаи 28 июни соли 2022 ҳайати шаҳри Душанбе ба муассисаи IT park-и шаҳри Тошканд ташриф оварда, бо фаъолияти он шиносӣ пайдо намуданд. Аснои шиносоӣ ба меҳмонон маълумот дода шуд, ки аввалин IT park-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳудуди шаҳри Тошканд соли 2019 таъсис ёфта, айни замон дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, дастгирии соҳибкории рақамӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи IT кори худро ба роҳ мондааст. Дар идома иштирокчиёни Форум аз фаъолияти марказҳои ахборотиву таҳлилии назди Ҳокимияти шаҳри Тошканд ва назорати ҳаракат дар роҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуданд.Дар идома нимаи дуюми рӯзи 28 июн Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ дар доираи барномаи “Шаҳри ҳушманд” баргузор гардид, ки дар кори он сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Каримзода Ш. ва сармутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Азимов С. ва Зарипов О. иштирок намуданд.Дар Форуми мазкур директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод вобаста ба рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самти “Шаҳри ҳушманд” маъруза намуданд. Ҳамзамон, баҳри иштирокчиёни ҳамоиш навори видеоӣ оид ба дастовардҳои шаҳри Душанбе дар бахши технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таъсиси IT park-и шаҳри Душанбе намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *