БО ҶАЛБИ 2588 НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БАСТИ ДУЮМИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ ХОНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ ОҒОЗ ГАРДИД.

Шурӯъ аз 30 июни соли 2022 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23.05.2022, №248 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022” дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии “Орзу”-и ноҳияи Фирдавсӣ, “Шарора”-и ноҳияи И.Сомонӣ, “Гулхан”-и ноҳияи Сино ва “Зимчуруди”-и ноҳияи Шоҳмансур бо фарогирии 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ва дар 37 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 1540 нафар хонандагон басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки то 10 июли соли 2022 идома меёбад. Дар маҷмуъ, дар басти дуюм 2588 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *