Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Тошкандсардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Каримзода Ш. ва сармутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Азимов С. ва Зарипов О. аз муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳри Тошканд боздид ба амал оварданд.Дар рафти шиносоӣ ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур кӯдакони имконияти маҳдуддошта ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Барои баргузории машғулиятҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҷиҳати солимгардонии кӯдакон ва таъмини вазъи беҳдоштии муассиса дар қатори кормандони тиббӣ мутахассисони соҳаи дефектология, сурдопедагогика ва логопедҳо фаъолият менамоянд.Ҳамзамон, вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти томактабӣ мулоқоти сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М. бо сардори Сарраёсати таҳсилоти томактабии шаҳри Тошканд Фозилҷонова Н. баргузор гардид. Аснои суҳбат атрофи масъалаҳои мухталифи рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ, табодули таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки таълимиву тарбиявӣ изҳори назар карда шуд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»