БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ ШАҲРИ ТОШКАНД

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Тошкандсардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Каримзода Ш. ва сармутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Азимов С. ва Зарипов О. аз муассисаи таҳсилоти иловагии “Баркамол авлод”-и шаҳри Тошканд боздид ба амал оварданд.Меҳмононро дар муассисаи мазкур сардори Сарраёсати маорифи халқи шаҳри Тошканд Султонов Я.Т., ва роҳбарияту омӯзгорони муассисаи таҳсилоти иловагӣ самимона пешвоз гирифта, аз фаъолияти таълимиву тарбиявии он маълумот манзур намуданд.Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти муассисаи таҳсилоти иловагии “Баркамол авлод”-и шаҳри Тошканд маълум гардид, ки он дар ду баст бо фарогирии зиёда аз 1200 нафар хонандагон таълими иловагиро ба роҳ мондааст. Дар муассиса маҳфилҳои гуногун аз қабили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ, робототехника, дӯзандагӣ ва тарроҳӣ, хорегография ва расмкашӣ амал мекунанд.Ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти таҳсилоти иловагӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби ҳайати шаҳри Душанбе ба роҳбари муассисаи таҳсилоти иловагии “Баркамол авлод”-и шаҳри Тошканд туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *